Скрыть
105:8
105:12
105:18
105:21
105:22
105:27
105:29
105:33
105:38
105:39
105:41
105:42
105:43
105:44
105:46
Ҳалелуёҳ. Парвардигорро сипос гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки меҳру вафои Ӯ ҷовидонист.
Кист, ки қудрати Парвардигорро баён тавсиф намуда тавонад, тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад?
Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд, ва ҳар вақт ростиро ба амал меоваранд!
Маро ба ёд ор, эй Парвардигор, бо ризомандие ки ба қавми Худ дорӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун,
То ки хушбахтии баргузидагони Туро бинам, ба шодмонии халқи Ту шод шавам, бо мероси Ту фахр кунам.
Бо падарони Худ хато кардаем, гуноҳкор шудаем, ба бадкорӣ дода шудаем.
Падарони мо дар Миср корҳои аҷоиби Туро нафаҳмиданд, меҳру вафоҳои зиёди Туро ба ёд наоварданд, ва назди баҳр, назди баҳри Қулзум, ошӯб андохтанд.
Валекин ба хотири номи Худ онҳоро наҷот дод, то ки қудрати Худро маълум кунад.
Ва баҳри Қулзумро сарзаниш намуд, ва он хушк шуд; ва Ӯ онҳоро дар обҳои азим, чун дар хушкӣ, роҳбарӣ кард аз обҳои азим чун ба биёбон гузаронд.
Ва онҳоро аз дасти бадбин наҷот дод, ва аз дасти душман раҳо кард.
Ва об бадхоҳони онҳоро пӯшонд: Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
Ва ба суханони Ӯ бовар карданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд.
Аммо ба зудӣ корҳои Ӯро фаромӯш карданд, машварати Ӯро нигарон нашуданд.
Ва дар бодия ба ҳавову ҳавас дода шуданд, ва Худоро дар биёбон озмуданд.
Ва дархосташонро ба онҳо дод, вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод.
Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд, ва ба Ҳоруни поки Парвардигор.
Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд, ва тӯдаи Абиромро пӯшонд.
Ва дар ҷамоаи онҳо оташ даргирифта, алангаи он бадкоронро сӯзонд.
Дар Ҳӯриб гӯсолае сохтанд, ва ба он бут саҷда карданд.
Ва ҷалоли худро иваз карданд ба сурати гове ки алаф мехӯрад.
Худои наҷотдиҳандаи худро фаромӯш карданд, ки корҳои бузург дар Миср карда буд,
Корҳои аҷоиб дар замини Ҳом, корҳои саҳмгин назди баҳри Қулзум.
Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.
Ва аз замини дилпазир нафрат карданд: ба сухани Ӯ бовар накарданд.
Ва дар хаймаҳои худ ғур-ғур мекарданд; овози Парвардигорро намешуниданд.
Ва дасти Худро бар онҳо бардошт, то ки онҳоро дар биёбон афтонад,
Ва зурёташонро дар миёни халқҳо афтонад, ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад.
Ба Баал-Фаӯр часпиданд, ва қурбониҳои мурдагонро мехӯрданд.
Бо кирдорҳои худ ба хашм оварданд, ва бар онҳо вабо омад.
Ва Финҳос бархоста, доварӣ кард, ва он вабо аз байн рафт.
Ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисоб карда шуд, аз насл ба насл то ҷовидон.
Ва назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мусо аз боиси онҳо ҷазо дид;
Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт.
Он қавмҳоро нест накарданд, ки Парвардигор ба онҳо гуфта буд,
Балки бо халқҳо омехта, корҳои онҳоро ёд мегирифтанд.
Ва бутҳои онҳоро парастиш мекарданд, ва онҳо барояшон доме буданд.
Ва писарони худ ва духтарони худро барои девҳо қурбонӣ мекарданд;
Ва хуни бегуноҳро мерехтанд, яъне хуни писарони худ ва духтарони худро, ки барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд, – ва замин аз хун нопок шуд.
Ва бо корҳои худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
Ва ғазаби Парвардигор бар қавми Ӯ аланга зад, ва аз мероси Худ нафрат кард,
Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд, ва бадкинонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд.
Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд, ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд.
Чандин бор онҳоро раҳо кард, вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд, ва аз гуноҳи худ ба хорӣ меафтоданд.
Валекин дар тангии онҳо назар кард, вақте ки зории онҳоро шунид,
Ва паймони Худро барои онҳо ба ёд овард, ва аз рӯи меҳру вафоҳои зиёди Худ афсӯс хӯрд,
Ва ба онҳо дилсӯзии ҳамаи асиркунандагонашонро бахшид пеши ҳамаи асиркунандагонашон ҳурмат дод.
Моро наҷот деҳ, эй Парвардигор Худои мо, ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар, то ки номи поки Туро сипос гӯем, бо ҳамду санои Ту фахр намоем.
Муборак аст Парвардигор Худои Исроил аз ҷовидон то ҷовидон! Ва тамоми қавм бигӯянд: «Омин». Ҳалелуёҳ!

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible
Архиерейское_подворье_—_Тихвинский_храм_(Кирсанов) 1291 In Biblia 16